БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ САНИТАРИЮ ГИГИЕНӢ ОМИЛИ АСОСИИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯдакистони №2” оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ки омили асосии беҳдошти саломатӣ мебошанд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, ба манфиати умум буда, риояи онҳо барои ҳар яки мо шарт ва зарур мебошад. Инчунин, таъкид карда шуд, ки беэҳтиётӣ нисбат ба талаботи гигиенаи шахсӣ боиси сар задани бемориҳои гуногуни сироятӣ шуданаш мумкин аст.  Ҳангоми пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ мо бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоем. Сипас, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ барои пешгирии бемории сироятӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg