БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ВОБАСТАГИИ БУЗУРГ БА ХУДИ ИНСОН ДОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наҳдиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин, дуруст ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат ба сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, тарзи истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масъалан, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ба ҳар як шахс ҳатмӣ мебошад. Инчунин, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, оид  ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ низ баъзе тавсияҳо дода шуданд.

        

 

           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg