БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Оишабулоқи Ҷамоати деҳоти Саидмумин Раҳимов бо мақсади бархурдор намудани сокинон аз авҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ бо усули “хона ба хона” мулоқот баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  намуд, ки мо бояд дар ин давраи  мураккаби зиндагӣ аз пештара дида бештар заҳмату меҳнат карда,  барои худ зиндагии арзандатро таъмин созем. Ҳамзамон дар идомаи суҳбат мавсуф вобаста ба ҷалби сокинон ба корҳои  зироаткорию  кишоварзӣ,  вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози  сухан  намуда, таъкид кард, ки  хизмат дар қисмҳои низомии кишвар  шарафи бузур  буда, ҳар як ҷавонманрди худогоҳро  лозим аст, аз шароитҳои хуби ҳарбӣ истифода  бурда,  химати Ватан-Модарро сарбаландона адо намояд.  

Дар анҷоми суҳбат ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои истифодаи ҳаррӯзаашон дастрас карда шуд.

  

         

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg