БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Хонаи Фарҳанги деҳаи Чилчаи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус бо мақсади бархурдор намудани сокинон аз  пешгирии бемории сироятии коронавирус мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар мулоқот, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  намуд, ки худ ва наздиконамонро аз сироятёбии бемории коронавирус ва дигар бемориҳо эҳтиёт кунем. Ҳамзамон оид ба ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти   ҳизбӣ ва нисбати сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ  ибрози  сухан  намуд.

Дар  анҷом  ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg