БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН- ТАЪМИНИ РӮЗГОРИ ОСОИШТА

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳиро  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  коронавирусро    тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   миёни сокинони  деҳаи  Сангоба -1-и     Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  баргузор  намуданд.

Ҳамчунин истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои кишти  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  тибқи  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   кунунии   ҷаҳони  муосир  ва ташкили  кишти  такрории зироатҳои  кишоварзӣ  дар суҳӣат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводҳои  безаргардонии маҳлули гипохлориди  калсий ба миқдори  2 килограмм ва 150  адад  ниқобҳои тиббӣ  дастраси  сокинон  карда шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg