БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР - ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ ҶАВОНОН

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ориёӣ” чорабинии ҳизбӣ гузарониданд. Масъулин зимни баромад  ҷиҳати пешгирии  бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19,   самаранок ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар охир ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  ба иштирокчиён дастрас карда шуд.Инчунин, дар ин раванд масъулин атрофи  ҷалби ҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан-Модар, ки қарзи фарзандии  ҳар як ҷавони бонангу номуси диёр мебошад,  андешаронӣ карда, аз падару модарон ва ҷавононе, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, даъват ба амал оварданд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шароити  хуби замонавӣ  дар қисмҳои низомии кишвар фароҳам оварда шудааст ва мо метавонем бе ягон мушкилӣ  қарзи шаҳрвандии хешро  бо истифода аз шароитҳои муосир  ба анҷом расонем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg