БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС- КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ҷалолиддини  Румии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён аз ҷониби  шахсони масъул ба миқдори 43дона маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ   ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки “Муъминобод” Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок намуда, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, ба онҳо барои иҷро як қатор маслиҳатҳои муфид доданд.

    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg