БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС МИЁНИ АҲОЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю маҳаллаҳои марказии шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури мақомотҳои  болоии ҳизбӣ Аксияи фарогир бо усули  “даст ба даст” доир ба масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.

Умар Саидов мудири шуъбаи иттилоот, матбуот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар суҳбат  қайд намуд, ки коронавирус, ҳамчун бемории сироятӣ дар тамоми сайёра шинохта шуда, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Аз ин рӯ дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида, боиси дур будан аз ин беморӣ хоҳад буд. Дар доираи ин аксия  ба аҳолӣ наздики 250 варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg