
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ФРСА”минтақаи Кӯлоб дар арафаи Иди Қурбон шахсиятҳои имконияташон маҳдуд дар шаҳри Кӯлоб мавриди аёдат қарор гирифтанд.
Нахуст, масъулини ташкилоти ибтидои “ФРСА” дар якҷоягӣ бо намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аёдатшудагон ва аҳли оилаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфта, изҳор доштанд, ки бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсиятҳои имконияташон маҳдуд тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Таъкид гардид, ки дар арафаи Иди Қурбон анҷом додани амалҳои неку писандида ва дастгирии ҳамдигар аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои корҳои хайр суннати деринаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.