
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо дастгирии Ассотсиатсияи падару модарон ва омӯзгорон имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб барои шароити хуби таълим фароҳам овардан ба хонандагон корҳои созандагиву ободкорӣ ва таъмири синфхонаҳо рафта истодааст.
Чунин иқдоми созанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи С. Сангови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст, ки дар ин амали созанда метавон гуфт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” саҳми арзанда доранд.