БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, хонишҳои сиёсӣ бо маром идома ёфта истодааст. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ дар ташкилоти ибтидоии "С.Сафаров" бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ атрофи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самаранокии замин суҳбат доир гардид. Дар рафти суҳбат иброз карда шуд, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Метавон гуфт, ки мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯза ин бемории коронавирус ҳисоб меравад, ки ҳам ба солимии ҷомеа ва ба иқтисодиёти давлатҳо зарари калон оварда истодааст.

Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокчиён муроҷиат карда шуд, ки ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

 

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg