ҲАМАДОНӢ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии хусусии Коллеҷи тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҷамъомад оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки фаъолони ноҳия ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Исмоил Гадоев кушода, дар назди иштирокчиён атрофии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ кард.
Зимни баргузории маҷлис дигар баромадкунандагон низ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт андешаронӣ намуданд.
Хонандаи Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Мунисҷони Эмомалӣ дар бораи ташаббуси беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маъруза кард.
Инчунин, Исмоил Гадоев дар бораи ташаккули фарҳанги техники мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо муфассал сухан ронда, аз иштирокдорон, алалхусус ҷавонон, ки онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд, ҷиҳати амалигардонии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои судманд дод.
Дар охир ба чанде аз донишҷӯёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.