БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲИФЗ НАМОЕД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри  иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба корҳои созандагӣ,  ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  дар ҳамкорӣ бо  Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия шоми дирӯз мулоқоту вохӯриҳои рӯ ба рӯро дар кӯчаву гулгашти ноҳия доир намуданд.

Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар рафти вохӯриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg