БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хислати корманди ҳизб -ин бо мардум наздик будан аст

ФАРХОР. Суханони Пешвои миллатро кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор сармашқи кори худ қарор дода, бо сокинони деҳаи Меҳровари ҷамоати деҳоти Ватан маҷлиси ҳизбӣ баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории маҷлис суҳбат оростан ҷиҳати пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба сарфакорию сариштакорӣ рӯ овардани сокинон, бедор кардани ҳисси муқовимат бо коррупсия дар тафаккури онҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба монанди тероризму экстремизм ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи мазкур буд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани робита бо маҳал, дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилоти сокинон, ҷалби онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ, ки аз деҳаи мазкур 54 нафар аъзои ҲХДТ мебошанд, дар деҳаи маҳзкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Меҳровар» таъсис дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки эътимоду боварии мардум ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҲХДТ ва иқдомҳои неки он рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Сокинони деҳа бо боварию эътимод ба маҷлиси ҳизбӣ омаданд ва дар охири маҷлис саволу дархости худро пешниҳод намуданд ва аз масъулин ҷавобу маслиҳатҳои хуб гирифтанд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg