
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот”-и ноҳияи Шаҳритуз дар назди Бозори марказӣ бо соҳибкорон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, ба соҳибкорон ва харидорон маводҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ягона роҳи наҷот аз бемории хавфнок риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои солим, худдорӣ аз иштирок дар ҷойҳои серодам мебошад.