
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус вохӯриву суҳбатҳо доир гардида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ тақдим карда шуд.
Инчунин, ба аъзои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ тавсияҳо дода шуд.