БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  корӣ бо усули “хона ба хона” дар ҳамбастагӣ бо намояндагони  Маркази вилоятии наркологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия,  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия, Маркази тибби оилавӣ, Маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ, Ҳуҷраи наркологӣ, Бахшу шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, Кор бо занон ва оила, Маркази репродуктивӣ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Марказҳои саломатӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи  “Пешгирии бемории сироятии COVID-19, бемории нашъамандӣ, тамоку ва солимии ҷавонон, пешгирии оилаҳо аз бемории сироятии ВНМО баҳри таъмини солимии ҷомеа ва хушунати оиладорӣ миёни аҳолии ноҳияи Панҷ ва инчунин,  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронида шуд.

Дар охир ба иштирокчиёни вохӯрӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, сокинон аз ин амали хайр изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg