БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА НАЗАРРАС АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳиро баҳри бартараф намудан аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва истифодаи заминҳои наҳдиҳавлигӣ миёни аҳолии шаҳри Норак,  бахусус ҷавонон ҷоннок намуда истодаанд. Сокинон аз ин иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ ҷиҳати  пешгирии ин беморӣ арзи сипос намуда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин беморӣ кӯшиш намуда истодаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба сокинон таъкид шуда истодааст, ки ҳар порча заминро самаранок истифода намуда,  дар як сол то 2-3 ҳосил ба даст оранд.

Масъулин аз сокинон даъват  ба амал оварданд, ки заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда,  аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва дар рушди буҷаи оилаи худ саҳмгузор бошанд ва инчунин, кишти такрориро низ ба роҳ монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg