ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи ба номи Нишон Болтаеви ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба иштирокдорон фаҳмонид.
Мавсуф зимни баромад оид ба пешниҳоди арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал сухаронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар раҳнамоӣ кард.