БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ҲАТМИСТ

НОРАК.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар бозори марказии шаҳр  ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба сокинон таъкид намуд, ки ба беаҳамиятӣ роҳ надиҳанд, ниқобҳои тиббиро истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки беаҳамиятӣ ба зиёдшавӣ ва авҷ гирифтани дилхоҳ бемории сироятӣ сабаб мешавад, аз ин лиҳоз якояки моро зарур аст тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя карда, ҳарчи зудтар зидди бемории сироятии коронавирус мубориза барем.

Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Дар охири сокинон аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg