БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ БО ИФТИХОРНОМАВУ ТУҲФАҲО САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши   ноҳияи Муъминобод  дар  толори ташкилоти ибтидоии “Шуғли ащолӣ”-и  ноҳияи Муъминобод  семинар -машварати омӯзишӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии ВНМО\БПНМ ва вируси нави COVID-19 миёни ҷавонон доир гардид.

Дар семинари омӯзишӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодати Ҳусайнӣ,  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Алишери Амрохон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло, сардухтури Маркази санитарӣ-эпидемиологӣ Назаров Сафар  ва аъзои махфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар семинари  мазкур ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби  намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg