БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРМАНД ҲЕҶ ГОҲ ХОР НАМЕШАВАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин навбат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Мизробова Шаҳло бо мақсади дарёфт ва ҷалби занони хонашин ба ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Розиёни  Ҷамоати деҳоти Себистон вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ бо кори дастии  зани бомаърифату ҳунарманд Ҳикматова Фотима шинос шуда,  аз ҳунарҳои дастии ӯ ошноӣ пайдо намуданд. Ҳикматова Фотима дар баробари ҳунарманд буданаш боз омӯзгор буда, ба хонандагон дарс меомӯзад. Дар вақтҳои холигӣ бо дӯхтани қуроқдузӣ ва гулдӯзӣ машғул шуда, аз маҳсули дастони он наварӯсон харидорӣ менамоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg