БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зиндагии шоистаи мардум мароми ҳизби мост

ПАНҶ. Дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Фарғонаи ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфутдинов дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо чорабинии ҳизбӣ  гузаронида шуд.         

Ҷамъомадро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Шомаҳмадзода Музаффар кушода, мақсаду ҳадафи вохӯриро шарҳ дода қайд кард, ки сокинони деҳаи Фарғона, пайваста ба замин ва киштукори маҳсулотҳои гуногун машғул буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бориз даранд.

Инчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия зимни суханрониаш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бо дарназардошти он, ки соли 2018 дар вилоят Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал эълон гардидааст, бинобар ин Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҳар як маҳаллаю деҳот  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро таъсис дода, ба ин восита бо мардум бештар наздиктар гардад. 

Ҳамзамон,  Шомаҳмадзода Музаффар оид ба Паёми созандаи Сарвари давлат суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, соли 2018-ро  дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки он аз ҷониби мардуми кишвар хуб пазируфта шуд.

Дар ин росто,  иқдоми пешниҳодшудаи Пешвои миллат барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ  мусоидат намуда, ба ин восита сатҳи некӯаҳволии  сокинони кишвар беҳтар мегардад.

Дар охир сокинони деҳот Назирҷонова Адолат ва Алматов Қодир бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии диёр ва ваҳдату ягонагии кишвар  суханронӣ намуда, зикр карданд, ки аз вақте заминро Сарвари давлат ба соҳиби аслиаш, яъне деҳқон доданд, мо кӯшиш мекунем, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро рӯз то рӯз бештар намуда ва ба ин восита сатҳи зиндагиамонро беҳтар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg