
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемории коронавирус дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ба роҳ монданд.
Аз ҷониби масъулин ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардида, доир ба самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон суҳбат карда, қайд намуд, ки кишоварзони мо бояд аз заминҳои вобастагардида на камтар аз се - чор ҳосил ба даст оранд.