ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ тақсим карда шуд. Инчунин, ба аҳолии маҳалла оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ тавсияҳои муфид дода шуд.