БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ЯКИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз  ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо усули  “хона ба хона” оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) ва истифодаи самараноки замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳизбӣ доир ба бемории сироятии коронавирус маълумоти муфассал дода, таъкид карданд, ки  саломатии  ҳар яки мо дар дасти худи мост. Аз ин рӯ, моро зарур аст нисбати саломатии хеш ва дигарон масъулияти баланд ҳис карда, худ ва дигаронро бо риояи қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ  аз сироятёбӣ ба ин беморӣ ҳифз намоем. Сипас ба иштирокдорони чорабинӣ муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда шуда, инчунин моҳияти оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ  ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg