БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизматҳои меҳтарони ҷангу меҳнат қадрдонӣ мегарданд

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади  иҷрои  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   бо  ибтикори  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ва  иштироки  фаъолонаи   аъзои намояндагии   ТҶҶ «Созандагони  Ватан»,  ҷаҳду талош варзидан  ба хотири дар  сатҳи  баланд  ҷашн гирифтани  рӯзи  ғалаба  дар  ҷанги дуюми ҷаҳон  мутобиқи  нақшаи   чорабиниҳои  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  кормандони Кумитаи иҷроия ба аёдати собиқадори ҷангу меҳнат, сокини 94 солаи маҳаллаи Сангоба Фардаев Эшмирзо  рафтанд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сураё Алиева иштирок дошта, иштирокчии ҷангро бо рӯзи Ғалаба самимона табрику муборакбод гуфта, бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гирду атрофи манзили  истиқоматии ӯро тоза намуда,  дарахтон ва деворҳоро сафед ва ба ӯ гулу гулдастаҳо, бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан- Модар, қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷик тақдим карданд.

Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  ба собиқадори  ҷангу меҳнат Фардаев Эшмирзо барои саҳми арзанда дар озод кардани сайёра аз фашизм кӯмаки молиявӣ расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg