А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо назардошти амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар самти ба роҳ мондани мулоқоту вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чун ҳамарӯза миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Дар ин мулоқотҳо намояндагон амалу тадбирҳои пешгирикунанда ва муқовимат бо коронавирус, аз ҷумла риояи масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ ва безарраргардонии манзилҳои истиқоматиро ба сокинон фаҳмонида, маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин дар рафти вохӯриҳо ҳизбиён бо сокинон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат гузаронида, барои сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ, аз ҷумла сабзавот ва ғалладонагиҳо дастуру тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Дар ин раванд ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, ки бо саҳмгузории шахсони саховатпеша дастраси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб гардидааст, тақсим карда шуд.