ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои вобасташуда бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти “Панҷ” вохӯрҳо доир намуданд.
Дар раванди баргузории чорабиниҳои “хона ба хона” масъулин вобаста ба пешгирии ин беморӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки коронавирус бемории сироятие мебошанд, ки метавонанд дар бадани инсон ҳар гуна бемориҳои роҳҳои нафасро ба вуҷуд оранд. Аз ин рӯ, қоидаи гигиена (тозагӣ)-и роҳҳои нафасро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад, масофаро риоя намудан лозим аст. Илова бар ин кормандон доираи истифода мақсадноку самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва деҳқонию фермерӣ суханронӣ ва маслиҳатҳои муфидро ба сокинон пешниҳод намуданд. Дар фарҷом ба сокинон аз ҷониби кормандон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 тақсим карда шуд.