Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии сохторҳои тандурустии ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ ташкил дода, корҳои фаҳмондадиҳи ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни сокинон ба роҳ монда истодаанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар деҳаи Ҳамро Олимов вохӯрӣ баргузор намуда, ба сокинон барои бештар ба гигиенаи шахсӣ ва моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат маслиҳатҳо дода, инчунин истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва кишти такрориро ба дарки ҳамагон расониданд. Дар охири чорабинӣ ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.