БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ НАМО!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули  “хона ба хона”  вобаста ба  истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус  дар деҳаи  Деҳқонободи  ноҳияи Хуросон    бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар рафти чорабинӣ ба сокинон доир ба истифодаи оқилонаи  замин ва  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро ба истифодаи самараноки замин, алалхусус  ба роҳ мондани кишти такрорӣ бо мақсади  ба даст овардани ҳосили  дилхоҳ  ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  раҳнамоӣ карданд. Дар охир ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ барои истифодаи ҳаррӯзаашон  дастрас карда шуда, аз ҳар яки онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки  аз рӯи тавсияҳои  дар варақаҳо овардашуда  амал намуда, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg