БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ЧОРАБИНИИ ҲИЗБӢ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона”, ки  дирӯз  аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Тиговуни Ҷамоати деҳоти Шукнов  гузаронида шуд,  бештар аз 93 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба таври муфассал маълумот пайдо намуданд.

Бо талаби соҳибхонаҳо аъзои гурӯҳ  дар баъзе хонаҳо тарзи дуруст  шустани дастон, бо намакоб  ғарғара намудани даҳону бинӣ, тарзи истифодаи даҳонбанд, риояи талаботҳои одоби салом  ва дигар  роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро ба таври амалӣ нишон доданд. 

Ҳамчунин, дар ин рӯз аъзои гурӯҳ аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ба онҳо оид ба рӯёнидани ҳосили баланд маслиҳатҳо доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg