ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноки замин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро амалӣ менамояд. Дирӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Садбаргҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ Аксияи таблиғотии “хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила гузаронида шуд. Дар ин рӯз заминҳои 78 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки замин расонида шуд.