
КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбар” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар фарде мавқеи сиёсиашро муайян кардаву ба сафи ҳизб мепайвандад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои азизамон мушаххас гардидаанд, ҳисса гузорад.
Дар охир ба шахсоне, ки ба сафи ҳизб шомил шудаанд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.