БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ТАЪМИНОТИ МАВОДИ ОЗУҚАВОРӢ ТАЛОШ ДОРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ  оид ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, дар шаҳри Норак корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд.

Дар рафти вохӯрӣ  ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ  тақсим карда шуда, таъкид гардиданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ роҳи асосии пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Сокинони шаҳри Норак бо дарки масъулияти баланд ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон кӯшиш карда истодаанд. Инчунин,  аз ҳосили ба даст овардаи худ барои захира ва зимистонгузаронӣ консерваҳо аз помидору бодиринги рӯёнидаашон омода намуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg