БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ.  Аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифта шудани бемории сироятии коронавирус  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо дидору вохӯриҳо доир карда, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд, ки ин амал то ҳол идома дорад.

Яке аз чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар деҳаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо иштироки кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҳизб доир шуд, ки масъулин дар рафти чорабинӣ ба аҳолӣ оид ба бемории COVID-19 маълумот дода, ҳамзамон муроҷиатномаи ҲХДТ-ро  дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg