БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН ОБОДИИ ХОНАДОНИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таъмир ва рангубори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 воқеъ дар деҳаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки шароити хуби таҳсил ва таъмиру бозсозии мактабу боғчаҳо ин замина барои ояндаи неки фарзандони ҳар яки мост. Дар ин росто на танҳо сокинони деҳа, балки бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, ки худро соҳибватан мешуморад, бояд дар рушду нумуи ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзандаи хешро гузорад. Зеро ободии Ватан ин ободии хонадони ҳар яки мост, иброз доштанд, зимни суханронӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

Ҳамзамон масъулин ба саъми иштирокчиён хатару оқибатҳои бемории коронавирус, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ маълумотҳои заруриро расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg