БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТЕЪМОЛИ ҒИЗОИ СОЛИМ МАСУНИЯТРО ҚАВӢ МЕГАРДОНАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон дар деҳаҳои Қалъаи Пуҷқоқ ва Навободи Ҷамоати деҳоти Дарқад вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигь мулоқот баргузор гардид.        

Назарзода Алӣ  зимни суханронӣ иброз дошт, ки тарзи ҳаёти солим организмро ба муқовимати вирусҳо омода месозад. Риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла низоми хоб, истеъмоли ғизоҳое, ки сафедаҳои зиёд, витаминҳо ва моддаҳои минералӣ доранд ва фаъолнокии ҷисмонӣ хавфи сироятро коҳиш медиҳад. Инчунин, ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон оид ба  истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хаҷагиҳои деҳқонӣ ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg