![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_260.jpg?itok=bTW5Zue1)
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани хатару оқибатҳои бемории коронавирус, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “хона ба хона ” дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Навбаҳор гузарониданд.
Дар чорабинии баргузоргардида масъулин доир ба масъалаҳои болозикр андешаронӣ карда, афзуданд, ки меҳнати софдилона дар замин ба хонадони ҳар як шахс файзу баракат оварда, бо ба даст овардани ҳосили фаровон аз замин сатҳи некӯаҳволӣ баланд мегардад. Сипас, ба ҳар як иштирокчии чорабинии варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус сокинон таъкид карда шуданд.