
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Куҳнашаҳри шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Саломатии ҳар шаҳрванд барои мо азиз аст” доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Зимни баргузории аксия қайд карда шуд, ки ки хушбахтона дар кишвари мо сироятёбӣ ба ин беморӣ коҳиш ёфтааст ва аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ҳифзи саломатии худу ҷамъият гигиенаи шахсиро риоя намоянд.