ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Алоқа» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги техникӣ ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хатарҳои ҷойдошта» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Гургалиев Мурод ва 7 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов гузориш дод, ки аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубаддал гаштааст.
Зеро василаҳои техникаи муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.
Тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компютерӣ, чуноне, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, фосилаи фазою вақт ва макону замонро кӯтоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад.