
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Мизробова Шаҳло дар Ҷамоати деҳоти Пушинг дар деҳаи Паркамӣ бо мақсади дарёфт, омӯзиш ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунар ва истеъдоди волои дӯзандагии зани ҳунарманд Гулнозаи Шамолиддин шинос гардид.
Дар шиносоӣ бо ин зани ҳунарманд маълум гашт, ки маҳсули дасти вай дар қароқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва гарданбандҳо бебаҳо буда, дар тамоми намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ва берун аз он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Гулнозаи Шамолиддин дар баробари ҳунарманд буданаш вай ҳамшираи шафқат буда, дар ҳамон деҳа кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар баробари ҳамшираи тиббӣ будан, ба занҳои хонашин аз ҳунари доштаи худ ба онҳо омӯзонда ва то имрӯз чандин шогирдон тайёр намудааст. Маҳсули дастони ин бонуи ҳунар барои наварӯсон харидорӣ карда мешавад.