БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри ҳифзи солимии ҷомеа Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии шаҳрвандон, ҳамчунин баҳри пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вусъат ёфта, мутасаддиён ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, дар ин замина бо онҳо суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбат масъулин вобаста ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдошт, бахусус, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, гигиенаи шахсӣ ва инчунин, тез-тез шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, ҳамзамон бе зарурат ба кӯча баромадани ашхоси синну солашон аз 65-сола боло даъват ба амал оварданд.