БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ СУҲБАТИ СУДМАНД БАРХУРДОР ГАРДИДАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои таблиғотиро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус навъи КОВИД-19 ва самаранок истифода намудани заминҳои корам бо сокинони  деҳаи Итифоқи Ҷамоати деҳоти Фрунзе  роҳандозӣ намуданд.

Мулоқоту вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуда, кормандони ҳизбӣ мардумро ба амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ, аз қабили тоза кардану безаррар гардонидани хонаҳои истиқоматӣ, истифодаи ниқобҳои яккаратаи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ даъват карданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg