БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои вобасташуда  бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Лоиқ Шералии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Инчунин, масъулин оид ба ин беморӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки коронавирус вирусе мебошад, ки метавонад дар бадани инсон ҳар гуна бемориҳои роҳҳои нафасро ба вуҷуд орад. Аз ин рӯ, қоидаи гигиена (тозагӣ)-и роҳҳои нафасро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад, масофаро риоя намудан лозим аст. Дар фарҷом ба сокинони маҳаллаи болозикр аз ҷониби кормандон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 тақсим карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg