БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ БЕҲДОШТӢ ҲАМА МАСЪУЛЕМ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии коронавирус  кормандони масъули    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона ба хона” дар  деҳаи Ҷомбахти  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо сокинон суҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои  пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти муфассал дода, таъкид  намуданд, ки риояи беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ  роҳи асосии пешгирии ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ мебошад. Паст гардидани шиддати беморӣ маънои пурра аз байн рафтани онро надорад.  Дар сурати зоҳир намудани бемасъулиятӣ  оид ба риояи талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ  он метавонад дубора хуруҷ намояд. Бинобар ин дар ҳама ҳолат талаботҳои муайяннамудаи мутахассисони соҳаи тиб  бояд ҳатмӣ риоя карда шавад.

Дар ин рӯз бештар аз 86 нафар  бошандагони манзилҳо дар суҳбат  иштирок намуда, бо тавсияҳо ҷиҳати   пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg