ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Темурмалик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти мошу ҷуворимакка ташкил карда шудааст. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, намояндагони Ҷамоати шаҳрак ва Идораи кишоварзӣ бо сокинони Маҳаллаи №2 - и Ҷамоати шаҳраки Совет дар замини кишт вохӯрӣ баргузор намуда, аз наздик шинос шуданд. Дар ин навбат хоҷагидорон аз дастгириҳои беохири давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.