БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗАИ ҶАҲОН БАР ЗИДДИ COVID – 19 ИДОМА ДОРАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Кангурт бо мақсади бархурдор намудан ва пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  намуд, ки баҳри солим нигоҳ доштани худ ва фарзандон, ки онҳо насли ояндасози миллат мебошанд, аз бемории сироятии COVID – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ пешгирӣ намоем. Ҳамзамон мавсуф дар бораи ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию зироаткорӣ,  кишоварзӣ,  вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ    суханронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

Дар  анҷом  ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

  

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg