БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КАСЕ БА ҚАДРИ ВАҲДАТ МЕРАСАД...

АНДЕША. Ваҳдату ягонагии халқ асоси пойдории давлат ва сарҷамъии миллат аст. Ҳамин парокандагӣ буд, ки миллати тоҷик ба доми фиреби роҳбарони Ташкилоти террористӣ -экстремистии Ҳизби наҳзати ислом афтода, Тоҷикистонро дар ҳолати қисм – қисм  порашавӣ оварда расониданд.

Сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Ман ба Шумо сулҳ меоварам” дар рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш, чи қадар аҳамияти калони  таъсиррасонӣ доштанашро имрӯз ҳам эҳсос кардан мумкин аст.

Тасаввур кунед, ки аз ду тараф гурӯҳҳои мухолиф барои рехтани хуни як дигар аз нуги по то сар мусаллаҳ истодаанд. Ҳамарӯза садҳо одамони бегуноҳ ҷон медиҳанд. Дар чунин ҳолати ниҳоят душвор бо боварӣ ба мардуми азияткашида ваъдаи сулҳ додан  кори ҳар кас нест.  Дар ҳоле, ки мансабдорон дар он рӯзҳо барои ҳифзи ҷони худ аз вазифаҳои масъул даст кашиданд.

Лек Пешвои миллат аз суханони худ, аз роҳи душвори ба зиммааш гузошташуда барнагашт. Гарчанде медонист дар ин роҳ қурбон шуданаш мумкин аст.  Ба қасами худ содиқ монд. Аз рӯзи аввал ҳар ду тарафи даргирро ба сулҳу ваҳдат даъват намуд. Ба куҷои лозим буд, барои ба даст овардани сулҳи деринтизор нотарсона рафт ва забон ёфт. Дар он ҷое, ки лозим буд, гузашт намуд. Талаби мухолифини давлатро ба эътибор гирифт.

Имрӯз на танҳо душманони давлат аз хориҷ, балки дар дохили кишвар ҳам  ношукрҳое ёфт мешаванд, ки меҳнат  ва ҷонбозиҳои Президенти мамлакатро нодида мегиранд. Аз баъзе камбудиҳои дар  зиндангӣ ҷойдошта гилаю ҷингила менамоянд.

Хислати одамӣ ҳамин аст. Душворӣ, рӯзҳои бадро аз сар гузаронид, онро зуд фаромӯш мекунад. Набошад, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои аз хона баромадан ҳарос доштанд. Ба роҳи  Кӯлоб – Орҷоникидзеобод ҳоло Ваҳдат аз тарс касе сафар намекард. Гуруснагӣ, гуреза шудан, аз зану фарзанд ва хешу ақрабо ҷудо гардидан, пайдо шудани бемориҳои гуногун, бебарқӣ, дар бунбасти коммуникатсионӣ мондани Тоҷикистонро агар дар воситаҳои ахбори омма гӯшрас накунанд, касе  ба хотир намеорад.

Аз ин рӯ, зарур  аст, ки он рӯзҳоро ба хотири мардум биорем, то ки аз ин рӯзҳои пурсаодат, ки бо заҳмати Пешвои миллат насибамон гардидааст, ношукр набошем. Шукргузор буданамон зарур аст, токи давлатамон афзун гардад, на аз кафамон берун.

Мо бояд ҳамеша ба хотир биорем, ки дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар чӣ  ҳолату вазъият қарор  дошт ва ҳоло ба куҷо расидем. Оё ин мояи ифтихор нест, ки зиндагии тинҷу ором ва серу пур дорем. Пешвое дорем, ки ғами ҳамаи моро мехӯрад. Дур нест, ки Тоҷикистон бо амалӣ шудани ҳадафи чоруми давлат -  Саноатикунонии босуръати кишвар ба яке аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон табдил меёбад.

Ба шарте, ки мо ба қадри меҳнатҳои кардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба қадри сулҳу ваҳдат ва ягонагии халқ бирасем, сиёсати инсондӯстона, созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлатро якдилона дастгирӣ намоем.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg