БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНИ МО АЗ МАКТАБ ВОБАСТА АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал, бо роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо бо ташаббус ва иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Одинаева Рухшона  ва дигар сокинони деҳа панҷараҳои назди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро  рангубор намуда, дар рӯзҳои наздик  биноим мазкур  аз  таъмир бароварда  мешавад. Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg